гиря — [گريه] ҳолати аз чашм ашк рехтан, ки аз ғаму андӯҳ ё таассуроти сахт пайдо мешавад; гиряи гулӯгир гиряи сахти нафасгир; гиряи ниҳонӣ ашкрезии пинҳонӣ, дарун дарун гиристан; гиряву зорӣ ашк рехта зорӣ кардан; гиряву нола доду фиғон бо ашкрезӣ;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
зор — I [زار] 1. нотавон, заиф; оҷиз, бечора; хор, забун, беқадру қимат; ошиқи зор, зиндаву зор, зору мискин, зору низор, хору зор; ҳоли зор а) аҳволи ниҳоят бад, ҳолати риққатовар; б) маҷ. бадбахтӣ, шӯрбахтӣ 2. бисёр; баланд, сахт: нолаи зор; зор… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гирён — [گريان] 1. феъли ҳоли замони ҳозира аз гиристан; гирён гирён дар ҳолати гиристан, ашкрезон; гирёну бирён // гирёну нолон ашкрезон, сӯхтаву пухта; гирён шудан гиря кардан 2. сифати феълии замони ҳозира аз гиристан; гирянда, ашкрез, ашкбор … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ашк — I [اشک] 1. обе, ки аз гиря ва бо таъсири ҳиссиёти ҷисмӣ ё рӯҳӣ аз чашм фурӯ мерезад, сиришк, оби дида; қатраи оби чашм 2. гиря; ашки кабоб қатраҳое, ки вақти пухтани кабоб ба рӯи оташ мечаканд; ашки меғ (ё саҳоб) киноя аз борон; борон; ашки гарм… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
вангас — [ونگس] гуфт 1. калимаи тақлиди овози гиряи давомдор бо садои баланд ҳунг ҳунг, ҳунгас; вангас зада гиря кардан бо садои баланд гиристан, ҳунгос зада гиристан 2. садои гурба, саг (махсусан бачаи гурба) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беором — [بي آرام] 1. беқарор, бетоқат, бесабр 2. беист, қарор нагирифта, наистода, якзайл: беором гап задан, беором гиристан; мавҷи беором мавҷи ноором, мавҷи муттасил … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бирён — [بريان] 1. чизи дар деги хушки тафсон ё дар равғани доғ пухташуда, зирбондашуда; кабобшуда: барраи бирён, гандуми бирён, гӯшти бирён, моҳии бирён, нахӯди бирён 2. тафсон, сӯзон; доғ: дашти бирён, чӯли бирён; бирён кардан а) сурх карда пухтан (дар … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бисёр — [بسيار] 1. зиёд, беш, фаровон: (бо) кӯшиши бисёр, бисёр гиристан, бисёр гап задан 2. хеле, басе, бениҳоят: бисёр азиз, бисёр сахт, бисёр хуб, бисёр ширин 3. аксар, аксарият 4. дер, муддати дароз: бисёр наистодан дар ҷое 5. зуд зуд; ҳамеша 6.… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
буко — [بکا] а. кит. гиристан; гиря … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гирёнидан — [گرياندن // گريانيدن] тарзи бавоситаи гиристан; гиря кунондан, водор намудан ба гирякунӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ